Обанборҳои Тољикистон

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Декабря 2013 в 08:12, доклад

Описание работы

Обанбори Норак соли 1972 бо мақсади тараққӣ додани гидроэнергетика ва обёрии заминҳои љумҳуриҳои Осиёи Миёна ташкил карда шудааст. Он дар болооби маљрои дарёи Вахш дар баланди 910 метр аз сатҳи баҳр дар байни қаторкуҳҳои Сурхкуҳ ва Вахш воқеъ мебошад. Миёни силсилаи обанборҳои дар дарёи Ваш сохташуда обанбори Норак бузургтарин ба ҳисоб меравад, масоҳати обанбор 10 ҳазор гектар буда, ҳаљми он 10,5 млрд.м3 мебошад. Баландии сарбанди обанбор 300 м. (нигаред ба расми 1.).

Файлы: 1 файл

Нурекское водохранилище тадж.docx

— 625.33 Кб (Скачать файл)

Обанборҳои Тољикистон

 

Обанбори Норак

 

Обанбори Норак соли 1972  бо мақсади тараққӣ додани гидроэнергетика ва обёрии заминҳои љумҳуриҳои Осиёи Миёна ташкил карда шудааст. Он дар болооби маљрои дарёи Вахш дар баланди 910 метр аз сатҳи баҳр дар байни қаторкуҳҳои Сурхкуҳ ва Вахш воқеъ мебошад. Миёни силсилаи обанборҳои дар дарёи Ваш сохташуда обанбори Норак бузургтарин ба ҳисоб меравад, масоҳати обанбор 10 ҳазор гектар буда, ҳаљми он 10,5 млрд.м мебошад. Баландии сарбанди обанбор 300 м. (нигаред ба расми 1.).

 

             Расми 1. Сарбанди обанбори Норак

 

Гидрология. Рељаи пасти ва баландии сатҳи оби обанбори Норак мисли ҳама гунна обанборҳои куҳӣ ва наздикуҳӣ рељаи танзими бисёрсола, мавсимӣ, ҳарҳафтагӣ ва шабонарӯзиро дорад, ки он бо рељаи кори НОБ Норак пайвастигии мустақим дорад.

Расми 2. Харита – схемаи обанбори Норак

 

Рељаи ҳароратӣ.  Баъди танзими маљрои дарёи Вахш ҳарорати оби обанбори Норак нисбат ба ҳарорати оби дарёи Вахш  дигар шудааст. Ба дигаргунии ҳарорати оби обанбори Норак ҳам морфология ва ҳам хусусияти хоси иқлимӣ таъсир мерасонад. На динамику температурного режима влияют как морфология, так и климатические особенности местности.  

 

Рушноии оби обанбори Норак нисбат ба оби дарёи Вахш якчанд маротиба равшантар шудааст, ки об аз паст шудани суръати ҳаракати об вобаста мебошад.

 

 

 

Обанбори Фарҳод

Обанбори Фарҳод соли 1947 бо бунёди сарбанди НОБ Фарҳод дар дарёи Сирдарё ташкил карда шудааст. Масоҳаташ 48 км2, ҳаљмаш 350 млн. м3,                 дарозиаш 46 км, паҳноии зиёдтарин 3,1 км, чуқурии миёнааш 7 м. Баландии сатҳи оби обанбори Фарҳод дар ҳудуди 1 метр пасту баланд мешавад. Обанбори Фарҳод танзими ҳарҳафтагӣ ва шабонарӯзии маљрои обро дорад. Обанбори Фарҳод системаи обгирии устуворро аз Сирдарё дорост, ки он барои обёрии масоҳати зиёди заминҳои дашти Гурустна дашти Дилварзинро таъмин менамояд.

                       Расми 3. НОБ Фарҳод

 

Обанбори Муминобод

 

Обанбори Муминобод соли 1958 бо мақсади обёрӣ намудани заминҳо сохта шудааст. Он дар баландии 1204 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Масоҳаташ   300 га, ҳаљмаш - 30 млн/м. Чуқурии зиёдтаринаш 20 метрро ташкил мекунад. Обанбори Муминобод оби худро аз дарёи Яхсу мегирад, ки он тавассути канали Куллулу бо дарозии 12 км .

 

 

 

 Обанбори Қайрокум

 

Обанбори Қайроқумро баҳри тољик низ меноманд. Он дар дарёи Сирдарё дар қимати шарқии водии Фарғона љойгир мебошад. Обанбори Қайроқум солҳои 1956-1958 бо об пур карда шуда буд. Масоҳаташ   513 км2. Њаљмаш – 4,2 км. Дарозиаш 55 км. Чуқурии миёнааш 8,1 метр ва чуқурии зиёдтаринаш 25 метрро ташкил мекунад. Паҳноии зиёдратинаш 20 км. Пасту баланд шудани сатҳи оби обанбори Қайроқум ҳудуди 7 метрро ташкил мекунад. Обанбори Қайроқум танзимшавии бисёрсола ва мависиро доро мебошад. Ин обанбор бо мақсади обёрӣ намдунаи заминҳо ташкил карда шудааст. Он бо мақсади моҳипарварӣ низ истифода мешавад.

 

           Расми 4. Обанбори Қайроқум. Намуд аз кайҳон.  

 

Обанбори Селбур

Обанбори Селбур соли 1964 сохта шудааст, он дар соҳили рости дарёи Кизилсу дар баландии 851 метр аз сатҳи баҳр љойгир мебошад. Масоҳати он 260 га, ҳаљмаш 25 млн./м3. Чуқурии максималиаш – 20 метр. Оби он аз дарёи Кизилсу тавассути канали Танобчӣ, ки дарозиаш 8 км мебошад, пур мешавад. 

 


 

 

 

 

 

 

 

 


 



Информация о работе Обанборҳои Тољикистон