Шарҳи бозори кортҳои пардохтӣ

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 19 Января 2015 в 11:10, доклад

Описание работы

Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаи пардохтҳои чакана ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон такмилдиҳии инфрасохтори низоми пардохтро давом дода, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар Маркази протсессингии Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ”- ро созмон дод. Аввалин кортҳои пардохтии миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” аз ҷониби ҶСК “Агроинвестбонк” бароварда шуданд.

Файлы: 1 файл

Шарҳи бозори кортҳои пардохтӣ_БМТ.doc

— 1.03 Мб (Скачать файл)

Шарҳи бозори кортҳои пардохтӣ

     Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаи пардохтҳои чакана ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон такмилдиҳии инфрасохтори низоми пардохтро давом дода, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар Маркази протсессингии Низоми пардохти миллии “КОРТИ  МИЛЛӢ”- ро созмон дод. Аввалин кортҳои пардохтии миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” аз ҷониби ҶСК “Агроинвестбонк” бароварда шуданд.

       Дар айни замон 9 ташкилоти қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барориш ва (ё) эквайринги кортҳои пардохтӣ машғул мебошанд, ки аз инҳо 4 ташкилоти қарзӣ иштирокдори  Низоми пардохти миллии “КОРТИ  МИЛЛӢ” гардидаанд. Миқдори кортҳои пардохтии баровардаи онҳо (дар санаи 1.01.2013 сол)  539 ҳазор ададро ташкил дод, ки  нисбат ба соли гузашта 42,9% зиёд гардидааст. Ҳиссаи кортҳои низоми пардохти байналмилалии Visa International  42% (228 052 адад) – и ҳаҷми умумии кортҳои баровардашудаи ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳиссаи кортҳои низоми пардохти MasterCard 2% (9 688 адад)  ва  кортҳои дохилӣ  56% (301 277 адад) – ро   ташкил    медиҳанд. Миқдори кортҳои дохилӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли 2012  40,2% афзудааст.

  Сохтори  барориши кортҳои пардохтӣ

 

                

    Миқдори асосии кортҳои пардохтии дар ҷумҳурӣ ба муомилот баровардашуда, ин кортҳои пардохтии БДА ҶТ “Амонатбонк” мебошад. Таносуби умумии корти пардохтии ба муомилот баровардашуда 40% -ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи кортҳои пардохтии ба муомилот баровардашудаи

ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                 

 

       Ба санаи 1 январи соли 2013  дорандагони  кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он  6 913,3  ҳазор амалиёт ба маблағи 2 997,1 млн. сомонӣ амалӣ карданд (суръати афзоиш нисбат ба санаи 1 январи соли  2012 мувофиқан 63% аз рӯи миқдори амалиёт ва 55% аз рӯи ҳаҷм ташкил дод).

        Дар муддати ду соли охир  тамоюли мусбати истифодаи кортҳои пардохтӣ бо мақсади пардохти молҳо (корҳо ва хизматрасониҳо) мушоҳида мешаванд. Вазни қиёсии миқдори амалиётҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ  аз миқдори умумии амалиётҳо ба санаи 1 январи соли 2012  4,7%-ро ташкил дод.

Шумора ва ҳаҷми амалиётҳо бо истифодабарии кортҳои пардохтӣ

                  

 

 

 

     Инфрасохтор барои хизматрасонии  дорандагони кортҳои пардохтӣ дар ҷараёни афзуншавӣ қарор дорад. Ба санаи 1 январи соли 2013 шумораи дастгоҳҳо (терминалҳои электронӣ), ки барои пардохт дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳо истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77,9% зиёд шудааст ва миқдорашон ба 265 адад расидааст.

Динамикаи рушди инфрасохтор барои  амаликунии амалиётҳо бо истифодабарии кортҳои пардохтӣ (адад)

 

            

 

                               

     Инфрасохтори   хизматрасонии   кортҳои   пардохтӣ   асосан    дар   ш. Душанбе   ҷалб шуданд, аммо дар минтақаҳо нисбатан камтар тараққӣ ёфтаанд. 

Рушди ҳудудии инфрасохтор оид ба хизматрасонии кортҳои пардохтӣ

 

       Бо мақсади дар оянда мунтазам такмил додани низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон аз болои низоми пардохти ҷумҳурӣ назорат бурда, васеъ намудани маҷмӯи нишондиҳандаҳоеро, ки барои таҳлили фаъолияти самараноки системаи ҳисоббаробаркуниҳо истифода мешаванд, дар нақша дорад.


Информация о работе Шарҳи бозори кортҳои пардохтӣ