Автор работы: Пользователь скрыл имя, 19 Января 2015 в 11:10, доклад
Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаи пардохтҳои чакана ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон такмилдиҳии инфрасохтори низоми пардохтро давом дода, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар Маркази протсессингии Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ”- ро созмон дод. Аввалин кортҳои пардохтии миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” аз ҷониби ҶСК “Агроинвестбонк” бароварда шуданд.